Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ дар Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2013 16:56

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- Шуруъ аз дирӯз, 11-уми ноябр дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Маркази исмоилия баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ, аз қабили Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Айрекс (IREX), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии «Бактрия», Барномаи Темпус (Tempus), Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) иштирок намуда, ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуданд. Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ то 15-уми ноябр идома хоҳад кард. Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ як имконият барои таҷлили самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА мебошад, ки дар эҷоди ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқҳои Амрико ва Аврупо бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозад.

Ноябрь 12, 2013 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш