Ҳама ба интихобот!

Ноябрь 6, 2013 10:54

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Субҳи имрӯз дар Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон   маъракаи овоздиҳии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботӣ оғоз гардид. Интихобкунандагон  дастаҷамъона барои интихоби  Президенти ҷумҳурӣ  ба ҳавзаҳои интихоботӣ ворид гашта истодаанд.  Дар участкаи №27, ки дар бинои Гимназияи рақами 2-и  ноҳияи Шоҳмансур воқеъ гардидааст, як ҳазору  728 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки  47 нафари онҳо бори аввал овози худро медиҳанд. 
Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ нозирон аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон ҷараёни интихоботро назорат мекунанд. Ба иттилои раиси участка то соати 8 пагоҳӣ зиёда аз 20 фоизи интихобкунандагон овоз додаанд.  

 
 
 

Ноябрь 6, 2013 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд