Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати ТРАСЕКА

Ноябрь 1, 2013 11:39

Душанбе, 1 ноябр . (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 31 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёров бо намояндагони барномаи ТРАСЕКА ва мушовири лоиҳаи «LOGMOS» («ЛОГМОС») Георгий Доборҷгинидзе баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили бунёди терминали логистии Минтақаи Озоди Иқтисодии Панҷ, ҷалби сармоягузорон барои эъмори лоиҳаи мазкур, ҳамчунин ҷиҳати вусъат бахшидани сохтмони терминалҳои бору амвол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ноябрь 1, 2013 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш