Ҳавошиносон: «Фардо ҳаво гарму бебориш аст»
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки 16 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои беборишу гарм боқӣ монда, ҳарорати ҳаво рӯзона дар Душанбе 15-20 ва шабона 1-2 дараҷа гарм мешавад. Бебориш ва гарм пешгӯӣ кардани ҳавои рӯзи 16 ноябр аз сӯи ҳавошиносони ҷумҳурӣ дар ҳолест, ки фардо дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳамзамон ба ифтихори ба фаъолият шуруъ кардани Президенти кишвар дар майдони марказии Душанбе -«Дӯстӣ» гузашти низомӣ баргузор мегардад.
Ҳамзамон 16 ноябр ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, вилояти Хатлон шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм, рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шабона 1-6 дараҷа сард, рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Парвина Саидҷамолова-мудири шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки рӯзҳои 19-20 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво паст мефарояд ва дар баъзе минтақаҳои кишварамон борон меборад. Дар водиҳои вилояти Суғд борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Рӯзҳои 21 -22 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво бебориш боқӣ мемонад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






