Ҳисоботи ҳайати мушоҳидони ҶМЧ дар бораи интихобот

Ноябрь 8, 2013 12:01

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо  даъвати  Комиссияи  марказии   интихобот  ва  раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳайати  мушоҳидони Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  аз  2 то  7  ноябри  соли  2013 ҷараёни  омодагӣ ва  6  ноябри  соли  2013  гузаронидани  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  мушоҳида  намуд. Ҳайат ӯҳдадориҳои  худро  мутобиқ ба  қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва принсипи  эҳтироми  соҳибихтиёрии  кишвар  ва  дахолат  накарда  ба  корҳои дохилии  он иҷро намуд. Дар  ҷараёни  фаъолияти  ҳайат бо шахсони  масъули Комиссияи  марказии   интихобот ва  раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  идораҳои   дигари  дахлдори  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мулоқотҳо  анҷом дода шуданд.  Аъзои  ҳайат  аз ҳавзаю  участкаҳои  дахлдори  интихоботӣ  дидор  намуда, бо  тарҷумаи  ҳол  ва барномаҳои  интихоботии  шаш  номзад ба  мансаби  президент,  ҳамчунин  бо  тартиби   овоздиҳӣ ва  омодагӣ  ба  интихобот  шинос шуданд.
 
Ҳайат  дар  рӯзи  овоздиҳии  6  ноябр  аз  ҳавзаҳои  интихоботии  № 2, 3 ва 4,  ҳамчунин  участкаҳои  интихоботии 1, 8,  10, 11,  15, 24,  29,  30 -31, 37- 38  дидан намуда, ҳангоми таҳияи  варақаю  қуттиҳои  овоздиҳӣ  ширкат  дошт,  тафтиши  ҳуҷҷатҳое, ки  шахсияти  интихобкунандагонро  тасдиқ  менамоянд ва ба  онҳо додани  варақаҳои овоздиҳиро  мушоҳида  ва  ҷараёни  овоздиҳӣ ва  ҳисоби  овозҳоро   назорат  кард. 
 
Ҳайат   ба  чунин  хулоса  омад, ки  дар  ҳавзаҳои  интихоботӣ  комиссияҳои  интихобот ҳуҷҷатҳои  марбут ба овоздиҳӣ ва  маълумотро  дар  бораи  номзадҳо ба  мансаби президент  пурра  ва  сари  вақт  дарҷ  намуданд. Овоздиҳӣ  орому   мӯътадил   сурат  гирифтиа,  ҷараёни онро  васоити  ахбори омма  муфассалу  ошкоро  инъикос  доданд. 
 
Бо  назардошти  ин  ҳайат  чунин  мешуморад, ки  интихобот   шаффоф   ва  мутобиқи  меъёрҳои  қонунгузорӣ  сурат  гирифт. Ба   шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳуқуқи  бо  роҳи  овоздиҳӣ  баён  намудани  хоҳиши  сиёсиашон  пурра  таъмин  гардид. Ҳайат ба Комиссияи  марказии  интихобот  ва раъйпурсӣ,  Вазорати  корҳои  хориҷӣ  ва   сохтору  идораҳои  дигари  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  мададу  мусоидаташон  изҳори  миннатдорӣ  мекунад. 
 
Ҳайати  мушоҳидони  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  дар  интихоботи  президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Ноябрь 8, 2013 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд