Ҳодисаҳои номутобиқатӣ ба стандартҳои давлатӣ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар бозорҳои пойтахт 13 ҳазору 589 муоинаи тухми мурғ сурат гирифт. Мувофиқи маълумоти озмоишгоҳҳои бозорҳои шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷиш 38 ҳодисаи ба талаботи стандартҳои давлатӣ мувофиқат накардани тухми мурғ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти бадсифат ошкор гардид. Ба гуфтаи мутахассисони бахши назорати байтории пойтахт, маҳсулоти бадсифат иборат аз маҳсулоти истеҳсоли дохилию хориҷӣ буда, сабаби он риоя нашудани талабҳои нигаҳдории он дар анборҳо мебошад.Бар асари ин ҳодисаҳо як худи моҳи октябр нисбат ба 42 нафар фурӯшандагон протоколҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ тартиб дода ва аз онҳо ба маблағи 2 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.Тайи даҳ моҳи соли 2013 дар мавриди қонуншиканӣ ҳангоми фурӯши маҳсулоти чорво дар бозорҳои пойтахт нисбат ба 236 нафар соҳибкорон протоколҳо тартиб дода шудааст, ки маблағи ҷаримаи онҳо 19 ҳазору 160 сомониро ташкил медиҳад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






