Ҳукумати кишвар ваколати худро дар назди Президенти навинтихобшуда вогузошт
Душанбе, 18 ноябр (АМИТ «Ховар»).- Хотирасон менамоем, ки мутобиқи моддаи 74-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ то таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошт.Аз ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаҳои 69 ва 70-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон содир намуд, ки мувофиқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ то таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои худро идома медиҳанд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






