Ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин баргузор шуд.
Дар ҷаласа натиҷаи озмунҳое, ки соли 2011 барои додани ҳуқуқи гузаронидани омўзиши гелогию коркарди зуҳурот ва конҳои канданиҳои фоиданок баррасӣ гардида, оид ба лоиҳаи фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатномаи ҳуқуқи омўзиши гелогию коркарди зуҳурот ва конҳои канданиҳои фоиданок, ки дар давоми солҳои 2012-2013 аз ҷониби мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст, ахбори аъзои комиссия шунида шуд.
Аъзои комиссияи ҳукуматӣ вазифадор гардиданд, ки фаъолияти хешро дар роҳи гузаронидани озмунҳо барои додани ҳуқуқи истифодаи қаъри замин тақвият бахшида, ҷиҳати гузаронидани гуфтушунидҳои мустақим бо довталабон ва муайян намудани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






