Ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба раисии Тоҷикистон дар СҲШ
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар солҳои 2013-2014 ва омодагию гузаронидани ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони давлатҳои узви Созмони мазкур дар шаҳри Душанбе дар соли 2014 баргузор шуд.
Дар ҷаласа оид ба ҷараёни омодагиҳо ва тартиби баргузории чорабиниҳои сатҳу зинаҳои гуногуни давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аъзои кумитаи тадорукот маълумот доданд.
Тавре ки таъкид гардид, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва омодагии ҳамаҷониба ба баргузории ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои созмон кумитаи тадорукот таъсис дода шуда лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо таҳия гарид.
Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аъзои кумитаи тадорукотро вазифадор намуд, ки барои мукаммалсозии нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида таклифу хулосаҳо пешниҳод намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






