Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллӣ
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии таҳсилот 27 ноябр дар Душанбе баргузор гардид. Дар Шӯро ҳисоботи гуруҳи ҳамоҳангсоз аз ҷараёни истифодаи китобҳои дарсии насли нави «Забони тоҷикӣ» мавриди муҳокима қарор дода шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ иттилоъ доданд, зимни муҳокима хулоса ва пешниҳодоти омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ ба инобат гирифта шуд.Ҳамзамон дар Шӯро гузориши раиси гуруҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ Б.Камолиддинов роҷеъ ба вазъи истифодаи воситаҳои электронӣ ва усулҳои нави таълим, сабти дарсҳои беҳтарини забони модарӣ аз семинарҳои илмию методӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ К.Назаров дар бораи шакли электронии «Дарси кушод аз фанни химия», инчунин барномаи компютерии усули истифодаи ҷадвали даврии элементҳои Д.И. Менделеев ба доираи баҳс кашида шуд. Теъдоди муайяни китобҳои дарсӣ ва маводи таълим барои пешниҳод ба ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.Дар анҷоми ҷаласа барои саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аъзои Шӯрои миллии таҳсилот Б.Камолиддинов, П.Ҷамшедов, Н.Ҳотамов, М.Солеҳов ва А.Байзоев бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






