Ҷаласаи якҷояи ММ МН МО ҶТ кори худро оғоз кард
Душанбе, 16 ноябр.(АМИТ«Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз, 16 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев — ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.Дар кори ҷаласаи муштараки палатаҳои Парлумони мамлакат дар радифи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон инчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Баъд аз интихоби ҳайати котибот, рӯзномаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ тасдиқ гардид, ки аз як масъала — савганд ёд кардани Прзеиденти тозаинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Ҳамзамон дар ҷаласа Мамадшо Илолов-раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба тартиби инъикоси ҷараёни баргузории ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тавассути васоити ахбори омма гузориш дод. Зикр гардид, ки ҷараёни баргузории ҷаласаи шашуми муштараки палатаҳои Парлумони мамлакат тавассути радио ва шабакаҳои телевизонҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш гардида, инчунин дар нашрияи парлумонии «Садои мардум» ба таври муфассал чоп мегардад. Ҳамзамон маводҳои хабарӣ тавассути АМИТ «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ мунташир мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон кори худро дар соати 10:00 дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Ин лаҳзаҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба сӯи Кохи «Сомон» раҳсипор гардиданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






