Ҷамъбасти интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз, 6 ноябри соли 2013 соати 6:00 оғоз гардида буд, соати 20:00 ҳамин рӯз ҷамъбаст гардид.
Дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки то соати 18:00 санаи 6 ноябри соли 2013 мутобиқи маълумоти ирсолнамудаи ҳавзаҳои интихоботӣ 3 миллиону 380 ҳазору 68 нафар дар маъракаи интихоботи Президентӣ иштирок намуда, раъйи хешро ба номзади мавриди таваҷҷуҳ додаанд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар номзад, ки бо қарорҳои дахлдори КМИР ба қайд гирифта шудаанд, рақобат мекунанд.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби КМИР 68 комиссияи ҳавзавӣ ва 3158 участкаи интихоботӣ дар саросари кишвар бо шароити хуби муосир ташкил шудааст. Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди кишвар зиндагӣ доранд, дар 27 давлати хориҷӣ 61 участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст. Аз ин теъдод қитъаи овоздиҳӣ танҳо 24 -тоаш дар шаҳрҳои гуногуни Русия ташкил шудааст.
Ҷараёни баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 500 нозири байналмилалӣ, беш аз 6 ҳазор нозири миллӣ ва беш аз 100 нафар намояндаи расонаҳои иттилоотии хориҷӣ мушоҳида намуданд.
Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки қисмати бештари нозирони хориҷиро ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 159 нафар, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) 183 нафар, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 35 нафар ва Ассамблеяи Парлумонии САҲА 48 нафар ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон раванди баргузории интихоботи президентиро дар Тоҷикистон 9 нафар нозир аз Парлумони Аврупо, 8 нафар аз Созмони Ҳамкории Шанхай, 33 нафар нозирони байналммилалӣ аз Амрико, 8 нафарӣ аз Чину Британияи Кабир ва Ҷопон, инчунин 2 нафар аз Арманистон ва 1 нафар аз Фаронса мушоҳида менамоянд.
Натиҷаҳои пешакии расмии овозҳои гирифтаи номзадҳо фардо, 7 ноябр аз ҷониби КМИР эълон хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






