Ҷараёни баргузории интихобот дар Рязан
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 6 ноябри соли 2013 дар шаҳри Рязани Федератсияи Россия интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардид.
Субҳи барвақт соати 06:00 (бо вакти маҳаллӣ) дарҳои участкаи интихоботии №44 оид ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз гардид.
Аъзои комиссияи интихобот овозҳои худро ба сандуқи рай андохтанд.
Сипас, ҷараёни баргузории интихобот шурӯъ гардида, аз гӯшаву канори вилояти Рязан, тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷихати додани овози худ ба номзади арзанда, ташриф оварданд. Ҳамчунин мухассилини донишкадаи ҳарбии ш. Рязан низ иштирок намуда, овози худро доданд.
Бояд қайд намуд, ки токунун зиёда 2915 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маъракаи сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона ширкат варзида, номзади арзандаи худро интихоб намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






