Ҷараёни муътадили овоздиҳӣ дар навоҳии Хатлон
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар ҳавзаҳои интихоботии ноҳияи Восеъ, ки 55 участкаи интихоботӣ дорад, 84 ҳазору 466 овоздиҳанда буда, аз ин 1699 нафарашон бори аввал иштирок мекунанд. Дар ноҳияи мазкур барои иштироки барҷомондагон ба интихоби президенти Тоҷикистон 27 қуттии сайёр амал мекунад, ки то ҳол 30 дарсад раъй додаанд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Шӯрообод низ 51 ҳавзаи интихоботӣ амал дорад, ки то ба ҳол 65 дарсади раъйдиҳандагон овози худро ба номзади арзандаи худ додаанд. Барои барҷомондагон 33 қуттии сайёр ташкил ва барои ҷамъоварии раъй сафарбар гардидааст.
Ҳамчунин дар ноҳияи Ховалингу Ҳамадонӣ 37 ва 44 участкаи интихоботӣ фаъолият дорад, ки иштирокчиён тавонистаанд то ба ҳол 75 ва 65 дарсад овози худро ба номзадҳои арзанда диҳанд.
Дар ноҳияи Фархор низ аз 7340 нафар раъйдиҳанда 26,4 дарсад овози худро ба номзадҳои арзандаашон додаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






