Ҷашни Рӯзи Парчам дар Суди конститутсионӣ

Ноябрь 25, 2013 16:34

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд баргузор гардид. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукуҳи умумидавлатӣ таҳният намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими нишондиҳандаи соҳибистиқлоли кишвар маҳсуб ёфта, таҷассумгари арзишҳои волои инсонӣ ва мақсаду мароми пешгирифтаи Тоҷикистони азизамон мебошад. Бинобар ин, имрўз ҳар як фарди худогоҳу худшинос бо ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ бояд ҳамчун қарзи фарзандии худ рамзҳои давлатиро, ки дар як вақт муаррификунандаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд, эҳтиром ва арҷгузорӣ намояд.Зимни маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин сармутахассис оид ба кор бо мактубҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулизор Сангова оид ба ҷабҳаҳои таърихии Парчами давлатӣ ва ташаккули низоми қонунгузорӣ вобаста ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўза намуда, ҳозиринро бо ин ҷашн табрик намуд.

Ноябрь 25, 2013 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш