Ҷашни Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ба муносибати 22 солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кумита ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Шӯрои амнияти кишвар ва вазорату кумитаҳо, инчунин Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси кумита генерали гвардия Музаффар Гулмадов роҷеъ ба таърихи 22- соли мавҷудияти ташкилот маърӯза намуда, аз ҷумла, таъкид намуд, ки замони истиқлол ТҶММ бо симои нав зуҳур намуда собитқадамона марҳилаҳои рушди худро сипарӣ карда, ба созмони тавоно табдил ёфт.
Дар ин рӯз ба кормандони фаъоли соҳа ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои арзишнок супурда шуд.
Тавре ки котиби матбуоти кумита Абдурақиб Қодиров хабар дод, дар хотима аз ҷониби ҳунармандон барномаи консертӣ намоиш дода шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






