«Ҷавонон пешсафанд»-иқдоми Ҳафтаи Аврупо- 2013

Ноябрь 12, 2013 09:19

 Душанбе, 12 ноябр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Аз 16 то 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи Аврупо баргузор мегардад ва 20-уми ноябр  бархе аз барномаҳои ин чорабинӣ дар шаҳри Ҳисор доир  хоҳанд шуд. Бо ташаббус ва дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Ҳафтаи Аврупо яке аз намоёнтарин рӯйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони маҳаллӣ гаштааст.  Бо барномаҳои ҷолибу рангоранг ин иқдоми пешгирифта равобити ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро боз ҳам қавитар гардонида, ҳамагонро аз густариши ҳамкориҳои минбаъда ошно месозад.   Инчунин чорабинии мазкур  барои паҳн сохтани арзишҳо ва гуногунрангии фарҳанги Аврупо берун аз ҳудуди он хизмат мекунад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҷамъияти Кушода, Донишкадаи Гётеи Тошканд ва ширкати IDEA, Маркази фарҳангии «Бохтар» барномаи ҷолиби фарҳангиро зери унвони «Ҷавонон пешсафанд»,  ки ба рушди ҷамъият, санъат, ҷанбаҳои маориф ва фарҳанги Аврупо бахшида шудааст, пешкаш менамояд. 
Барномаи чорабинии имсола ҳама ҷанбаҳои санъатро дар бар гирифтааст, ки дар он барномаҳои мусиқӣ, намоиши театрӣ ва санъати тасвирӣ шомиланд. 
 

Ноябрь 12, 2013 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд