Ҷилавгирии зӯроварӣ дар оила
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии Барномаи давлатӣ оид ба ҷилавгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023 баргузор гардид.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила то ҳол мушоҳида мешаванд. Алҳол дар миқёси кишвар 105 маркази иттилоотию машваратӣ фаъолият дошта, дар онҳо равоншиносону ҳуқуқшиносон ба зарардидагони зӯроварӣ дар оила ёрӣ мерасонанд.
Аксаран қурбониёни зӯроварӣ дар оила ба худкушӣ даст мезананд. Мувофиқи маълумоти расмӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 313 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 164 — тои он ба занон ва 35 – тоаш ба наврасон рост меояд.
Барномаи нав танзими санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва роҳандозии чорабиниҳои дорои ҷилавгирӣ ба манзури аз байн бурдани чунин ҳодисаҳо, ҳамчунин танзими фаъолияти мақомоти давлатиро дар назар дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






