Ҷинояткориро ҷилавгирӣ мебояд
Душанбе,4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тибқи иттилои кормандони раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки 2-юми ноябри соли ҷорӣ зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ изҳор доштанд, шумораи ҷиноятҳои содирнамудаи муҳассилини макотиби олии кишвар дар 9 моҳи сипаришуда 72 ададро ташкил медиҳад. Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди татбиқи тадбирҳое, ки ба ҷилавгирӣ аз аъмоли номатлуб вобастаанд, раванди ҷинояткорӣ дар муқоиса ба соли гузашта коҳиш наёфтааст,-хабар дод котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки муноқишаю кашмакашҳо, аз қабили занозанӣ ва кордкашӣ миёни толибилмони ҳам макотиби олӣ ва ҳам миёна афзоиш ёфтааст. Теъдоди ин гуна ҷиноятҳо 20 ҳолат мебошад, ки воқеан ҳам, боиси ташвиш ва нигаронии ҷиддист.
Дар такя бар қавли кормандони раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, садамаҳои нақлиётӣ низ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда хеле бештар мебошад ва нисбат ба соли рафта имсол шумораи садамаҳо 34 ҳолат ва талафоти ҷонӣ 25 ҳолат зиёд аст.
Дар натиҷаи рейдҳои ҷорӣ ва махсус 172 ҳолати истифодаи мошинҳои шахсӣ аз ҷониби донишҷӯён ҳангоми ҷараёни таълим ошкор гардид ва бо айби толибилмон 9 садама ба амал омадааст.
Намояндагони мақомоти қудратӣ, ҳамчунин таъкид доштанд, ки дар давоми соли равон 748 нафар бо ҷурми нашъаҷаллобию нашъамандӣ дастгир шуданд, ки 279 нафари онҳо ҷавонон мебошанд. Дар айни замон дар бемористонҳои махсус 7590 нафар нашъаманд табобат мегирад, ки 2329 нафараш ҷавон ҳаст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






