15 соли ҳамкории Тоҷикистон ва БРО

Ноябрь 1, 2013 11:42

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Бонки рушди Осиё ва Тоҷикистон 15 — солагии ҳамкорӣ ҷиҳати коҳиш додани камбизоатӣ ва расидан ба рушди густариши устувори кишварро қайд намуданд. Тавре ки аз намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистон соли 1998 узви Бонки рушди Осиё гардида, бонки мазкур соли 2003 дар шаҳри Душанбе намояндагии доимии худро ифтитоҳ намуд.Алҳол Бонки рушди Осиё шарики калонтарине барои рушду густариши кишвар ба шумор рафта, ҳаҷми умумии кӯмаки он то охири моҳи сентябри соли 20013 баробари 1 миллиарду, 08 миллион долларро буда ва 709 миллиони он қарзи бебозгаштро ташкил дод.

Ноябрь 1, 2013 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш