6 ноябр – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 6 ноябри соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин маърака 6 номзад барои ишғоли мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат мекунад.
Мавриди ёдоварист, ки баъди маъракаи ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номаздҳо ба мансаби Президенти ҶТ 6 нафар номзад бо қарорҳои дахлдори КМИР рӯзҳои 9 ва 10 октябр ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 9 октябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон, Бухориев Толибек Аҳмадович ва Бобоев Олимҷон ҳамчун номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд. Инчунин бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 10 октябри соли 2013 Ғаффоров Абдуҳалим, Исмонов Саидҷаъфар ва Талбаков Исмоил ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Гуфтанист, ки барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби КМИР 68 комиссияи ҳавзавӣ ва 3158 участкаи интихоботӣ дар саросари кишвар, инчунин 61 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил шудааст.
Ҷараёни баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 500 нозири байналмилалӣ ва беш аз 100 нафар намояндаи расонаҳои иттилоотии хориҷӣ мушоҳида мекунад.
Тазаккур додан бамаврид аст, ки маъракаи овоздиҳӣ санаи 6 ноябр соати 6-и субҳ оғоз гардида, соати 20:00 анҷом меёбад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






