Афзоиши маҳсулоти ватанӣ
Душанбе , 27 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 22366 гектар кишти картошка гузаронида шуд. Ҳафтаи сипаришуда майдони 22,2 ҳазор гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1873 гектар зиёд аст. Дурнамои истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ 474315 тоннаро ташкил медиҳад. То ин муддат ба миқдори 498,9 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, ки баробари 105 фоизи дурнамо мебошад. Ҳамзамон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63015 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 224,4 сентнериро ташки медиҳад, ки нисбати соли гузашта 10,3 сентнерӣ зиёд аст. Иҷрои истеҳсоли картошка дар вилояти Суғд 106 фоиз, вилояти Хатлон 101 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 108 фоиз, ВМКБ 96 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 109 фоиз таъмин гардидааст. Картошкапарварони ноҳияҳои Ҷиргатол дурнамои истеҳсоли картошкаро ба 126 фоиз, Ваҳдат 129 фоиз, Тавилдара 121 фоиз, Тоҷикобод 107 фоиз, Роғун 105 фоиз, Рӯдакӣ 101 фоиз расониданд. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






