Амалиёти нодири ҷарроҳӣ дар Хуҷанд

Ноябрь 11, 2013 11:36

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд бори аввал занони мубталои бемориҳои узвҳои дарунӣ бо истифода аз таҷҳизоти лапароскопӣ ҷарроҳӣ шуданд. Чунин амалиёти ҷарроҳӣ бори нахуст дар шимоли ҷумҳурӣ сурат мегирад. Назар ба хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тамоми ҷараёни амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҷарроҳии лапароскопии сохти Олмон рӯи кор меояд. Ин таҷҳизот бо дастгирии ҳукумат ва ёрии молиявии яке аз бонкҳои Арабистони Саудӣ харидорӣ шудааст.Мувофиқи суханони сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд Шоира Бузрукова, чунин амалиёти нодири ҷарроҳиро ду нафар табибоне, ки дар марказҳои тиббии Русия ва шаҳри Душанбе таълим гирифтаанд, ба роҳ мондаанд. Шоира Бузрукова зикр намуд, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони номбурда чор маротиба чунин амалиёти ҷарроҳиро роҳандозӣ намудаанд.

Ноябрь 11, 2013 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд