Арматураи сохти Чин истифода намешавад
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Мувофиқи маълумоти Агентии «Тоҷикстандарт», тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 858 ҳазору 148 тонна семент, 53 ҳазору 866 тонна арматура ва 393 ҳазору 983 тонна чӯбу тахта оварда шудааст. Маводи сохтмонӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Русия, Эрон, Чин, Покистон ва қисман аз Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон ворид мешавад. «Мувофиқи Қарори Ҳукумати ҶТ, маводи сохтмонӣ аз қабили чӯбу тахта, арматура ва семент бояд ҳатман сертификатсия шаванд. Ҳар гуруҳи маводи сохтмоние, ки ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, дар озмоишгоҳҳои махсус санҷида мешавад. Қобили зикр аст, ки арматураи сохти Русия ба стандартҳои сифат пурра мувофиқат мекунад», — мегӯяд сардори Раёсати арзёбии мувофиқати Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Мирзоев.Ба гуфтаи Раҳмоншо Мирзоев, арматураи сохти Чин, ки дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мегардад, дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои стратегӣ истифода намешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






