Аввалин китоби бадеӣ барои наврасону ҷавонон
Душанбе, 29 ноябр (АМИТ «Ховар»).- Китоби тозанашри Ҳотам Файзуллоев аз аввалин сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи дурдасти Мурғоби Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ва бахусус деҳаи Аличур қисса менамояд. Хонанда бо чараёни як сафари кории Президенти кишвар дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар дар соли 1995 ошно мегардад.Китоби «Дидор аз Мурғоб»-и Ҳотам Файзуллоев барои хонандагони гуногун, аз ҷумла хонандагони мактабҳои миёна ва наврасону ҷавонони синни гуногун барои мутолиа тавсия гардидааст.Китоби «Дидор аз Мурғоб»- Ҳотам Файзуллоев аввалин китоби бадеие аст, ки дар мавриди фаъолиятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл менамояд. Ин китоб бо тарз ва усули бадеӣ иншо гардида, барои дарк ва фаҳмиши насли наврас мувофиқ мебошад.Китоби «Дидор аз Мурғоб» бо ду забон тоҷикӣ ва англисӣ чоп гардидааст. Тарҷумаи забони англисии китоб метавонад доираи хонандагони ин китобро берун аз кишвар низ васеътар намуда, барои муаррифии кишвар ва бахусус, фаъолиятҳои Сарвари давлат дар солҳои душвори аввали истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.Ҳотам Файзуллоев ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ин дуюмин китоби ў буда, то ин ҷониб китоби аввали ў бо номи «Амрико ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» низ ба чоп расидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






