Аз ҳар гектар 70 сентерӣ шолӣ
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-Хоҷагии деҳқонии ба номи Шамсӣ Назаров яке аз хоҷагиҳои машҳури шолипарварии ноҳияи Панҷакент мебошад. Сарвари ин хоҷагӣ Пиримқул Халилов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки 75 гектар замини шоликорӣ дар ихтиёри 900 нафар саҳмдор аст. Шоликорони хоҷагӣ асосан шолии навъҳои «Нуқус», «Марҷон», «Девзира», «Регар», «Гулизор»-ро кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.Соли гузашта шоликорон аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 75 сентнерӣ шолӣ ба даст оварданд. Имсол низ ҳосили фаровон парвариш карда шуд. Саҳмдорон ҷамъоварии ҳосилро асосан ба охир расониданд. Дараву кӯфтани шолӣ ба тариқи дастӣ анҷом дода мешавад. Шоликорон ба он сайъ доранд, ки аз ҳар як гектари шолӣ 80 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






