Аз сўхтор эҳтиёт бошед!

Ноябрь 25, 2013 09:42

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ҳафтаи гузашта кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, бо иштироки сардори хадамоти мазкур дар ноҳияи Шоҳмансур подполковники хизмати дохилӣ Сулаймон Қурбонов дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 2 ва № 71 ва Муассисаи давлатии Гимназияи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи зиддисўхторӣ ба сарварону масъулони онҳо ёрии методиву амалӣ расониданд. Ҳамчунин бо хонандагону омўзгорони муассисаҳои таълимии номбурда, дар мавзўи «Аз сўхтор эҳтиёт бошед!» вохўриҳо гузаронида, ба саволҳои онҳо посухҳои муфид доданд.  Баргузории чунин чорабиниҳо бобати баланд бардоштани малакаву дониши масъулону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо сўхтор нақши назаррас хоҳад гузошт.

Ноябрь 25, 2013 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш