Ба қатл расидани Зарина аз ҷониби шавҳараш
Душанбе,14 ноябр.(АМИТ «Ховар» ,Сабоҳат Қадамова ).-Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Ҷамолиддин Нафасови 31-соларо, ки зодаи ноҳияи Ёвон мебошад, дар куштори ҳамсараш гумонбар дониста, дастгир намуданд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, Ҷамолиддин Нафасов, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат бо гумони даст доштан дар куштор боздошт шуд. Номбурда рўзи 12-уми ноябри соли равон тахминан соати 19.00 аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо болғаи дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш Зарина Раҳмоноваи 26- сола задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ки далели шайъӣ гирифта шудааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






