Ба қонун дар бораи мақомоти амният тағйирот ворид мешавад
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик Парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 4 ноябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Амирқул Азимов- раиси кумитаи палатаи поёнии Парлумон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба қонунгузории амалкунанда ва бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта таҳия ва пешниҳод гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






