Ба қонун дар бораи рамзҳои Президент тағйирот ворид карда шуд
Душанбе, 7 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон 7 ноябр ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи он ба ду моддаи лоиҳаи қонуни амалкунанда- моддаи 1 ва 6 тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки он масъалаҳои супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад. Яъне, минбаъд тибқи ин тағйирот тартиби супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Галия Рабиева -вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз 7 сол муқаддам, яъне соли 2006 қабул гардида буд ва бори нахуст аст, ки ба он Парлумони кишвар тағйиру иловаҳо ворид менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






