Ба буҷет нисбат ба нақша кам маблағ ворид шудааст
Душанбе, 18 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҷумҳурӣ 27,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши реалии он ба 7,4 % баробар гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиарду 755 миллион сомонӣ ё 11,1 % зиёд аст». Ин матлабро Сафаралӣ Раҷабов-раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон 18 ноябр дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ, ки доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» бахшида шуда буд, иброз дошт. Мавсуф гуфт, ки афзоиши рушди иқтисодиёт дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4, 2 %, кишоварзӣ 9,3% , гардиши чакана ба 17,2 % ва хизматрасониҳои пулакӣ ба 11,2 % нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд. Дар ин давра идораи молиявии давлатӣ зери назорати доимӣ қарор дошт ва ин имконият дод, ки иҷрои буҷети давлатӣ 100, 1% таъмин гардад, таъкид кард Сафаралӣ Раҷабов. Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҳисоби фаъолияти иқтисоди беруна ба буҷети кишвар 2 миллиарду 305 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин омор нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 330, 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҳисоби даромадҳои андози дохилӣ ба буҷет 4 миллиарду 201 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки он 101 % -и нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 42,5 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 647,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки новобаста аз таъмини иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар ин самт камбудию норасоиҳо ҷой дошта, на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет пурра ворид шудаанд, ки дар натиҷа даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 99, 6 % иҷро гардида, ба буҷет нисбат ба нақшаи пешбинишуда 16 миллион сомонӣ кам ворид карда шуд. Дар муҳокимаи парлумонӣ ҳамзамон роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар — вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатов, муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нуриддин Маҳмадов ва дигар намояндагони мақомоти масъули кишвар оид ба паҳлуҳои иҷрои буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон гузориш доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






