Барқияҳои шодбошӣ аз Амир ва Сарвазири Давлати Қатар
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Амири Давлати Қатар Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Боиси хушнудии ин ҷониб аст, ки ба муносибати бори дигар интихоб гардидан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуморо аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худам самимона табрик намоям.
Бо истифода аз ин фурсат беҳтарин таманниёти худро ба Ҷаноби Олӣ иброз медорам ва идомаи муваффақиятҳо ва пешрафту рифоҳияти бештарро ба мардуми шумо хоҳонам ва итминон медиҳам, ки майли мо ба манзури тақвияти бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвари мо давоми раёсати нави Шумо аст”.
Дар барқияи шодбошии Сарвазир ва Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Абдулло ибни Носир ибни Халифа Оли Сонӣ омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хушоянд ҳастам, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати муҷаддан интихоб шуданатон ба мақоми раёсатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гӯям ва таҳанниёти самимонаро бо дарёфти комёбиҳо ва пешравиҳои бештар ба мардуми кишвари дӯст таманно намоям”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






