Барқияи табрикотии ҷавонон ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов аз номи ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои пирӯзӣ дар интихобот табрик намуд. Дар он аз ҷумла омадааст, ки :Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,Шуморо бо муносибати бори дигар ба мансаби олии давлатӣ, яъне ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон аз сидқи дил муборакбод менамоем. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Шумо нисбат ба мо, ҷавонон, боиси ифтихор ва толеъбаландист. Муҳтарам Президент, 6 ноябри соли 2013 дар саҳифаи таърихи тоҷик ҳамчун санаи муҳим ва хотирмон нақш мегузорад. зеро дар ин рӯз бори дигар мардуми сарзамин бо ифодаи самимияту муҳаббати беандоза Шуморо ба мансаби Президенти Тоҷикистон интихоб намуд.Аз ин фурсати муносибу таърихӣ истифода бурда, Шуморо ба мақоми Президенти Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо саодати рўзгор, умри дарози пурбаракат ва амалӣ гардидани тамоми ниятҳои некро баҳри пешрафту шукуфоии Модари азизу ягона-Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно мекунем. Мо ҷавонони соҳибифтихори Ватан бо садоқату хештаншиносии меҳанпарастона атрофи Ҳукумати ҷумҳурӣ боз ҳам қавитар муттаҳид шуда, тамоми талошу ғайратамонро баҳри ободиву шукуфоии ҳарчи бештари Тоҷикистони азиз равона хоҳем кард. Ҷавонони мамлакат шодбошии худро бо тозашеъри мудири бахши иттилооту таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров ҷамъбаст кардаанд. Бодо ҳалолат шоҳи ман ин тоҷу тахту сарварӣЭй Раҳбари Олии мо аз нав шудӣту интихоб.Тоҷи шаҳаншоҳӣ ба сар дишаб туро дидам ба хоб.Аҳсан турову офарин, зебо намудӣ меҳанат.Сарвар будан бодо ҳалол, чун шири модар бар танат.Кардӣ сиёҳиро сафед, бахшидӣ бар дилҳо умед.Сулҳофари даврони мо, дар роҳбарӣ роҳат сафед.Дар фикри онӣ то ханўз, Роғуни худ гардон кунӣ.Ҳам равшании хонаро бар тоҷикон арзон кунӣ.То нақшаат гардад амал, Яздон нигаҳдори ту бод.Чашми ҳасудон безарар, аз кору афкори ту бод.Пиру ҷавон фаҳмидаем, ки туҳфаӣ бар ин ВатанАз ту муҳофиз мешавем, бо нақди ҷон, бо нақди тан.Аз имтиҳони мардумон бигзаштаӣ бо боварӣ.Бодо ҳалолат шоҳи ман, ин тоҷу тахту сарварӣ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






