Барқияи табрикотии донишҷӯи ДМТ ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Нурзода Муслиҳиддин, донишҷўӣ соли чоруми факултаи Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғолибият дар интихоби Президенти Тоҷикистон барқияи шодбошӣ ирсол намудааст.Муслиҳиддин дар барқия Эмомалӣ Раҳмонро наҷотбахши миллат хонда, мегӯяд, ки хизматҳои шоёни Шумо барои ободу зебо намудани Ватани азизамон Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дар варақҳои таърих нақш ёфтаанд. «Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Шуморо ба муносибати ба мансаби Президенти Тоҷикистон интихоб гардиданатон аз сидқи дил муборакбод менамоям. Агар устод Садриддин Айнӣ дар охирҳои асри нуздаҳ ва ибтидои асри бист бо теғи ҷонбахшои қалам ин миллатро аз вартаи ҳалокат раҳонида бошад, таърих ин рисолаташро бори дигар дар симои Шумо такрор намуд. Шумо ин навбат бо заковати баланди маънавӣ ва сиёсати хирадмандонаатон ин миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшидед. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мактаби сулҳофарии Шумо як бори дигар миллати сарбаланди тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ва он донаи меҳру муҳаббате, ки Шумо дар мазраи дили миллататон пошидед, сабзид ва меваҳои шаҳдбораш коми моро ширин намуд. Воқеан Ҷаноби Олӣ, имрўз Шумо бурҷу бораи тамоми тоҷикони рўи оламед. Мо ҷавонон аз ин шуҳрати ҷаҳонии Шумо фахр намуда, Шуморо бовар мекунонем, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаатон муттаҳид шуда, барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон содиқона хизмат мекунем.Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, аз ин фурсати муносибу таърихӣ истифода бурда, Шуморо ҷиҳати ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо саодати рўзгор, умри дарози пурбаракат ва амалӣ гардидани тамоми ниятҳои некро баҳри пешрафту шукуфоии кишвари азизамон -Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно менамоям»,- омадааст дар барқияи табрикотии Нурзода Муслиҳиддин.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






