Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Латвия
Душанбе, 23 ноябр (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Мӯҳтарам ҷаноби Президент,Аз хабари хароб шудани як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Рига, ки ба ҳалокати даҳҳо нафар оварда расонидааст, огоҳ гашта, ниҳоят андӯҳгин шудам.Орзумандам, ки осебдидагони ин фоҷиа ҳар чӣ зудтар шифои комил ёбанд.Ҳоҳишмандам тасаллияти самимии инҷонибро қабул фармуда, ҳамдардии моро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед”.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






