Баррасии амнияти минтақа баъд аз соли 2014 дар Душанбе
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Афғонистон моҳияти дӯстона ва созанда дорад». Ин нуктаро Бобохон Маҳмадов -раиси Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии илмию амалӣ, ки имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: дурнамои амнияти минтақа пас аз соли 2014» доир гардид, зикр намуд. Мавсуф афзуд, ки барқарории сулҳу ваҳдат ва эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистони ҳамсоя дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар авлавият қарор дорад. Бобохон Маҳмадов илова намуд, ки бо пирӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ, ин раванди сиёсати созандаи хориҷӣ идома хоҳад ёфт.
Дар конфронс, ки доираи васеи коршиносони ватанию хориҷӣ ширкат доштанд, масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнияти минтақа, хусусан вазъи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ баъди хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ /НАТО/ аз хоки Афғонистонро дар соли 2014 матраҳ намуданд. Зикр гардид, ки маҳз талошҳои муштараки кишварҳои минтақа метавонанд кафолати таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бошад.
Абдуғафури Левол -раиси Маркази татқиқоти минтақавӣ ва стратегии Афғонистон, ки дар конфронс иштирок дошт, сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар самти Афғонистон баррасӣ намуда, гуфт, ки Тоҷикистон барои Афғонистон намунаи барҷастаи ҳамсояи нек ва беғараз аст.
Иштирокдорони конфронс ҳамзамон дигар масъалои муҳими ҳамкориҳои иқтисодию энергетикии Тоҷикистону Афғонистонро матраҳ намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи тарҳҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба рушди иқтисодиётим Тоҷикистон, балки дар эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон низ мусоидат хоҳад намуд.
Дар фарҷоми конфронс зикр шуд, ки тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ду кишвари бародар ва ҳамсоя -Тоҷикистону Афғонистон аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






