Баррасии эҷодиёти Абубакр Закариё дар рушди илмҳои муосир
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- «Дастовардҳои илмии Абубакр Закариёи Розӣ дар рушду нумӯи илмҳои муосир»- таҳти чунин ном имрӯз, 29-уми ноябр дар Донишкадаи рушду нумӯи илмҳои муосири молия ва иқтисоди Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ доир гардид.Дар кори он олимон ва коршиносони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок дошта, оид ба фаъолият ва саҳми Абубакри Закариё дар илмҳои муосир маърӯзаҳо намуданд.Тавре ки дар конфронс зикр гардид, Абубакри Розӣ дар замони худ беш аз 165 китоб дар соҳаҳои тиб, риёзиёт ва ҳандасаву фалсафа эҷод намудааст, ки то ба замони мо порчаҳои онҳо расидаанд.Гуфта мешавад, ки конфронс бахшида ба 1150 солагии файласуф, табиб ва кимиёшиноси форсу тоҷик бо дастгирии кафедраи забони хориҷии ДМИТ гузаронида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






