Баррасии лоиҳаи 32- моҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- «Сифати зиндагӣ барои ҳама- афзун намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои онҳо дар вилояти Хатлон»- таҳти чунин ном Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи 32- моҳаро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ амалӣ мегардонад.Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ташкилоти «Handicap International» (Барномаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон) пешниҳод ва ташкил шуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.Дар конфронсе, ки дирӯз, 26-уми ноябр дар меҳмонхонаи Тоҷикистон таҳти унвони «Тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа дар Тоҷикистон: тавсияҳо барои оянда» доир гардид, дар он муваффақиятҳо, мушкилиҳо сабақҳои омӯхташудаи лоиҳаи мазкур аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва сафорати ИМА дар Душанбе, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон баррасӣ гардид.Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур дар 21 деҳа аз ҷониби ду ташкилоти ҷамъиятии дар шаҳри Кӯлоб буда амалӣ мегардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






