Баррасии масоили марбут ба таҳсил ва илм

Ноябрь 29, 2013 09:33

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Дирӯз дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои қабули хонандагон ва донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013-2014, ҷараёни иҷрои қарорҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла «Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)», «Дар бораи тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос» ва «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура)» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии заминавӣ ва илмии тобеи вазорат, «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», «Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии гуруҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон мавриди таҳлил қарор дода шуд. Инчунин «Қоидаҳои умумии қабули таълимгирандагон (донишҷӯён) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастурамал оид ба тартиби пур кардан, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳуҷҷат (диплом)-и намунаи давлатии курсҳои бозомӯзии касбӣ, барномаҳои намунавии курсҳои такмили ихтисос барои солҳои 2014-2017 тасдиқ шуданд. Тартиби фаъолияти гуруҳҳои таълимӣ ва мақсадноки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳуҷҷатгузории қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян карда шуд.Дар мушовара 11 номгӯй китоби дарсӣ ва маводи таълим барои муассисаҳои таълимӣ барои чоп тавсия дода шуд.Аз Вазорати маориф ва илм ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ноябрь 29, 2013 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд