Баррасии масоили об дар СММ
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори ҳайатҳои кишварҳои аъзои Кумитаи роҳбарикунандаи гуруҳи дӯстони об, ки ба он намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Маҷористон, Финляндия, Швейтсария ва Таиланд шомиланд, 27 ноябр дар шаҳри Ню – Йорк чорабинии махсус роҳандозӣ шуд, ки мақсад аз он шунидани маърӯзаи нави СММ таҳти унвони «Таҳкими мақоми об ба манзури расидан ба рушди устувор: мақоми об дар рӯзномаи Рушд барои давраи баъди соли 2015» буд. Ин чорабинӣ таҳти раёсати Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов роҳандозӣ шуд. Номбурда иштирокдорони ҷамъомадро бо рафти муҳокимаи масоили об баъди Конфронси СММ оид ба рушди устувор, ки соли гузашта дар шаҳри Рио – де – Жанейро баргузор гардид, шинос намуд. Дар ҷараёни чорабинӣ директори Пажӯҳишгоҳи об, муҳити зист ва тандурустӣ доктор Зафар Одил маърӯза кард. Ҳамчунин намояндагони доимии бархе кишварҳои аъзои СММ, аз ҷумла Сингапур, Швейтсария, Голландия, Зеландияи Нав, Бангладеш ва Олмон тавсияҳои мушаххас ироа намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






