Баррасии «Равзанаи ягона»-лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 1 ноябр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо намояндагони ширкати INTRASOFT International S.A. бо намояндагони тарафҳои манфиатдори асосӣ аз ҷумлаи ташкилотҳои давлатӣ дар хусуси дар ҷумҳурӣ паҳн намудани таъминоти барномавии низоми нав ва омӯзиши муассисаҳои иштироккунанда 31 октябр дар Душанбе муаррифинома доир намуданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар муаррифинома дастовардҳои лоиҳаро аз оғози фаъолияти он дар моҳи июни 2012 таъкид карда ба иштироккунандагон амалиёти ояндаро муаррифӣ намуданд. Чунин лоиҳаи муҳим оид ба кӯмак ба тиҷорат ҳамоҳангсозии байнимуассисавӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафти интернетиро дар назар дошта, бо соддагардонии тиҷорати байналхалқӣ ба операторони тиҷорати ҳориҷӣ фоидаи калон меоварад, самаранокӣ ва шафофияти фаъолияти ҳукумат ва ҳамчунин боигарии миллии онро зиёд мекунад. Дар айни ҳол лоиҳа дар зинаи охирини марҳилаи татбиқ қарор дорад. Дар ин марҳила таъминоти барномавӣ барои санҷиши пилотӣ дар ду муассисаи давлатӣ (Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар се маркази ноҳиявӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа ба кор дароварда шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






