Беш аз 25 миллион $ барои рушди соҳаи маориф
Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна»-ро 26 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонданд. Руҳуллоҳ Ҳакимов -муовини вазири молияи ҷумҳурӣ санади мазкурро шарҳ дода гуфт, ки бобати татбиқи ин лоиҳа 25 миллиону 750 ҳазор $, аз ҷумла аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд 25 миллион $ ва аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 750 ҳазор $ муайян гардидааст. Муҳлати қарз 25 сол, давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ 5 сол, меъёри фоизи хизматрасонӣ 1 %- и солона муқаррар гардидааст. Созишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд 19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда ва хизматрасонии қарзҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба уҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди Саудии Рушд дар соли 2004 лоиҳаи сохтмон ва таҷҳизи мактабҳо омода гардид, ки марҳилаи якуми он сохтмон ва таҷҳизи се мактаби миёнаро дар ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Панҷ дарбар гирифта, солҳои 2004-2009 амалӣ гардонида шудааст. Марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии 5 мактаби миёнаро дар ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Фархор, Бохтар ва шаҳри Душанбе дарбар гирифта, алҳол дар сатҳи амалишавӣ қарор дорад ва дар назар аст, ки он то соли 2015 пурра ба анҷом расад. Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот тавассути сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳо дар ноҳияҳои мухталифи кишвар мебошад, зеро тибқи нақша дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа бинои 15 мактаб дар ноҳияҳои Восеъ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Норак, Ҷилликӯл, Данғара, Кӯлоб, Шӯрообод, Фархор, Бохтар Панҷакент ва Айнӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шуда, то охири соли 2016 ба истифода дода мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






