Биноҳои харобшуда барқарор мегарданд

Ноябрь 21, 2013 12:58

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳукумати кишвар ба барқарор намудани хонаю иншоотҳое, ки бар асари заминларза дар деҳаҳои наздики шаҳри Ваҳдат хароб шудаанд, шурӯъ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи иттилои манбаъ, Комиссияи давлатӣ оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ба оилаҳое, ки бар асари заминларза осеб дидаанд, мунтазам кӯмак намуда, онҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад. Чанде пеш барои оилаҳои зарардидагон 13 тонна орд, 6 тоннаю 500 килограмм шакар, 6 тоннаю 500 килограмм биринҷ, 2 тоннаю 600 килограмм макарон, 2 тоннаю 600 литр равған, 160 адад хайма, 160 адад бухорӣ ва ғайра фиристода шуд. Маҳсулоту хаймаҳои зикршударо воситаҳои нақлиётии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дастраси осебдидагон намуданд.

Ноябрь 21, 2013 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш