Боздиди ҳайати ФР аз Маркази сагпарварии АНМН
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳайати байниидоравии Федератсияи Русия бо иштироки ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази миллии таълимии хадамоти сагпарварии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ боздид намуд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, мақсад аз сафари ҳайат арзёбии натиҷаи мусоидат ба муайян намудани самтҳои дурнамои ҳамкорӣ мебошад. Ҳайат бо сохтори Маркази сагпарварӣ, тарҳрезӣ ва ташкили фаъолияти он, ҳамчунин ҷиҳатҳои истифодаи амалии сагҳои хидматӣ барои пайдо намудани маводи нашъаовар мебошад. Директори Агентии назорати маводи нашъаовар зикр намуд, ки алҳол муассисаҳои мухталифи СММ ва кишварҳои мададгор пешниҳодро дар мавриди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Маркази такмили ихтисоси кормандони сохторҳои зидди маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ менамоянд. Роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар ҳамчунин таваҷҷӯҳи аъзои ҳайатро ба ҳамкории байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳошияи Созишномаи байниҳукуматӣ ҷалб намуда, перомуни саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мубориза бо маводи нашъаовар дар минтақаи Осиёи Марказӣ муфассал нақл кард.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






