Бозгашти ҳайати Тоҷикистон аз Лаҳистон
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанд рӯз пеш курси таълимии гуруҳи намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар ҳошияи лоиҳаи «Дастгирии Тоҷикистон дар бахши рушди корхонаҳои хурду миёна — омӯзиши таҷрибаи Лаҳистон» анҷом ёфт.
Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ хабар доданд, Агентии рушди соҳибкории Лаҳистон барои ҳайати Тоҷикистон семинар ташкил намуд, ки дар он шиносоӣ бо фаъолияти Агентии рушди соҳибкории Лаҳистон сурат гирифта, ҳамчунин дар бораи хазинаҳои қарздиҳандаи Лаҳистон, минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва ғайра иттилоот дода шуд.
Дар Вазорати иқтисодиёти Лаҳистон бо муовини Вазири иқтисод Гражина Хенслевская мулоқот баргузор гардида, зимни он меҳмонон бо сиёсати бахши соҳибкорӣ, ислоҳоти доимӣ ва вазъи иқтисодиёти Лаҳистон шинос карда шуданд. Ҳамчунин масоили ҳамкории иқтисодии байни Лаҳистону Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Соли 2012 муомилоти моли байни ҳар ду кишвар 21 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. Аз Лаҳистон ба Тоҷикистон шакар, маснуоти ороишӣ, қаннодӣ, мебел ва мошинҳои гуногун ворид гардида, Тоҷикистон ба Лаҳистон пахта, калоба, матоъ ва алюминий мефиристад.
Аҳд шуд, ки соли 2014 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти соҳибкорони Лаҳистон кушода шавад. Марҳилаи ояндаи лоиҳа иборат аз гузаронидани семинарҳо дар шаҳри Душанбе мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






