Бунёди боғҳои замонавии серҳосил

Ноябрь 19, 2013 10:53

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имрӯз дар хоҷагии фермерии ба номи «Асадулло»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Технологияи бунёд ва парвариши боғҳои замонавӣ» доир мегардад.
Дар машварат олимону мутахассисони соҳаи боғпарварӣ, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Машварат  аз қисми назариявӣ ва таҷрибавӣ иборат аст.
Ҳадаф аз баргузории машварат бунёд ва рушди боғҳои серҳосил дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо истифодаи самараноки захираҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла замину об ва ба ин васила таъмини амнияти озуқавории кишвар, ҳамзамон таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ мебошад. 

Ноябрь 19, 2013 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш