Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Баландшавии радиатсия дар «Фукусимо 1»Душанбе, 01 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Мутахассисон дар наздикии нерўгоҳи барқи ҳастаии «Фукусимо 1»-и Япония боз баланд гардидани сатҳи радиатсияро ба қайд гирифтанд. Онҳо муайян карданд, ки радиатсия нисбат ба сатҳи муқаррарӣ 2,5 ҳазор маротиба баланд мебошад. Ворид гардидани муҳоҷирон ба Булғористон Душанбе, 01 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Ворид гардидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои Африқо ва Шарқи Наздик ҳукуматдорони Булғористонро ба мушкилоти зиёд рў ба рў намудааст. Барои ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон ҳукумати ин кишвар тасмим гирифтааст, ки дар минтақаи сарҳадӣ бо Туркия ба масофаи 30-километр гузаргоҳи махсус бунёд намояд.Бехабарӣ аз сирояти ВИЧ/СПИДДушанбе, 01 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Ҳар сеюмин сокини қисми ҷанубу шарқии Аврупо, ки гирифтори бемории норасоии масунияти одам – ВИЧ/СПИД аст, аз мубталои ин маризӣ будани худ хабар надорад. Дар ин бора роҳбари Маркази тадқиқотии Аврупо, профессори даниягӣ Йенсен Лоунгрен иттилоъ додааст.Пешниҳоди ҳавошиносони РусияДушанбе, 01 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Боридани борон ва вазиши шамоли сахт тайи чанд рўз аст, ки дар аксар минтақаҳои Федератсияи Русия идома дорад. Мутахассисони соҳаи ҳавошиносии Русия чунин вазъиятро дар наздик шудани тўфони «Иудаи муқаддас» аз қисми шимолии Аврупо арзёбӣ мекунанд. Аксари минтақаҳои Русия бар асари офати табиӣ зарар дида, аҳолии беш аз 500 ноҳия аз нерўи барқ танқисӣ мекашанд. Аз офати табиӣ бештари сокинони Корелия, Вологда, Псков ва Тула зарар дидаанд. Тўфони мазкур ба шаҳри Санкт-Петербург низ таҳдид мекунад. Дар ин ҷо бар асари тўфон роҳҳои мошингард ва оҳан қисман зарар дидаанд. Дар робита ба офати табиӣ кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда дар ҳолати омодабош қарор доранд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






