Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сабӯкдӯш кардани 2 низомӣ аз вазифа
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ду нафар низомии Кения бо ҷурми даст доштан дар амалҳои ғоратгарии ҳодисаи фоҷиабор, ки дар маркази савдои «Уэстгейт» — и шаҳри Найроби сурат гирифт, аз вазифа сабукдўш гардиданд. Аз наворҳои дастгоҳҳои наворбардории махфӣ маълум мегардад, ки гумонбарон тайи 4 рўзи хунрезӣ дар дохили маркази савдо бо борхалтаҳо ашёи гуногун ва дигар лавозимоти маҷмааи тиҷоратиро рабудаанд. Дар ин самт тафтишот идома дорад.
Нуқта ба баҳс
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Додгоҳи Олии Аргентина Қонун «Дар бораи фаъолияти васоити ахбори омма»-ро, ки он соли 2009- ум қабул шуда буд, конситутсионӣ эълон кард. Ҳамин тавр, Додгоҳи олӣ қарор кард, ки иҷозати пахши барномаҳои 200 шабакаи телевизион ва радиоӣ аз медиахолдинги «Коларин» ба ихтиёри дигар ниҳоди иттилоотӣ дода шавад. Бо ҳамин ба баҳсҳои доманадори ҳукуматдорон ва бузургтарин медиахолдинги мухолифини «Коларин» нуқта гузошта шуд.
Нооромӣ дар Конго
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ба сарбозони Артиши миллии Ҷумҳурии Демократии Конго муяссар шуд, ки дар ҳамдастӣ бо нерўҳои ҳомии сулҳи СММ чанд шаҳрро аз тасарруфи силоҳбадастон озод намоянд. Мувофиқи иттилои расида, бархўрдҳои шадид асосан дар байни Артиши миллии Конго ва нерўҳои ҳомии СММ бо силоҳбадастони ҳаракати «М-23» сурат гирифтааст. Алҳол даргириҳо бештар дар минтақаҳои наздисарҳадии Конго бо Уганда, бахусус кисми шарқии мамлакат ба назар мерасанд.
Бетартибӣ дар Бразилия
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия аҳолӣ даст ба бетартибӣ зад. Коршиносон ин амали шаҳрвандонро бинобар сабаби аз ҷониби корманди мақомоти полис ба ҳалокат расондани навраси 17-сола рабт медиҳанд. Сокинони шаҳри Сан-Паулу иброз медоранд, ки корманди мақомоти полис қасдан ба сўи наврас оташ кушодааст. Мақомоти полис мегӯянд, ки ин ҳодиса тасодуфан рух додааст. Кормандони мақомоти қудратӣ 90 тан иштирокчии бетартибиҳоро боздошт намуданд.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибулло








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






