Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сатҳи пасти иқтисодиёти Амрико
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Сатҳи иқтисодиёти Амрико бидуни эътино ба интизороти нек боз ҳам поён рафт.Ба гуфти роҳбари Департаменти савдои кишвар дар семоҳаи сеюми соли равон Маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакат то 2,8 дарсад коҳиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки коршиносон то 2 дарсад боло рафтани нишондоди мазкурро пешгўӣ менамуданд.Яке аз сабабҳои пастравиро коршиносон дар афзоиши хароҷоти сокинони кишвар рабт медиҳанд, зеро мардум аз хавфи дучор нашудан ба буҳрони навбатӣ ҳарчи бештар молу маҳсулот захира карда, хазинаи худро ба харҷ доданд.
Таркиш дар Афғонистон
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Хусти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бар асари таркиш 3 нафар аз кормандони мақомоти полиси кишвар ба ҳалокат расиданд. Тавре ки итилоъ дода шуд, таҷҳизоти таркандаро дар канори роҳи мошингард насб намуда, ҳангоми убури мошини хидматии кормандони мақомоти полис тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ инфиҷор додаанд. Масъулияти ҳодисаро то кунун ягон фард ё гуруҳи алоҳида ба уҳда нагирифтааст.
Интихоби роҳбари нави Толибон
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои манбаъҳои муътамади хабарии Покистон Ҳусейн Фазлуллоҳро роҳбари нави Толибони Покистон интихоб карданд. Ёдовар мешавем, ки роҳбари собиқ Ҳакимулло Маҳсуд як ҳафта қабл бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини нерўҳои низомии ИМА дар Вазиристони шимолии Покистон ба ҳалокат расид. Бояд гуфт, ки Фазлуллоҳ 2 сол боз як гуруҳи «Толибон»-ро дар водии Своти қисми шимолу ғарбии Покистон роҳбарӣ мекард.
Маҳрумияти якумра аз озодӣ
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаи хабарии Би Би Си навиштааст, ҳафтаи равон собиқ корманди соҳаи низомии Амрико Уилям Поттс, ки 30 сол қабл як ҳавопайморо рабуда ба Куба фирор карда буд, баъди бозгашт дастгир гардид. Бо вуҷуди он, ки 13 сол дар Куба аз озодӣ маҳрум гардида буд, акнун дар Амрико ўро маҳрумият аз озодӣ аз 20 сол то якумр интизор аст.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






