Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тӯфони шадид дар Филиппин
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар торномаи расонаи хабарии www.Hamshahri.com навишта шудааст, дар минтақаҳои наздисоҳилии Филиппин тўфони баҳрии «Хайян» ҳукмфармост. Офати мазкур аллакай ба пойтахти мамлакат-шаҳри Манила расидааст. Ба иттилои мутахассисони соҳаи ҳавошиносӣ тўфони баҳрии «Хайян» алҳол 225 километр дуртар аз қисми шимолии Филиппин фаъол аст. Мувофиқи маълумоти ҳавосанҷон тўфони мазкур ба самти минтақаҳои шимолии кишвар ва ҷануби Тайвану Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳаракат дорад. Бояд гуфт, ки бар асари тўфони шадид зиёда аз 300 нафар сокинони Филиппин бесарпаноҳ мондаанд.
Нишаст дар Абу-Даби
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Ба гуфти роҳбари шуъбаи иттиллот ва муоширати Вазорати корҳои дохилаи шаҳри Абу-Дабии Дубай ҳафтаи равон дар шаҳри Абу-Даби 2-юмин нишасти фармондеҳони неруҳои баҳрии Халиҷи Форс баргузор гардид.
Конфронси байналмилалӣ дар Женева
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои расонаи хабарии Би Би Си санаи баргузории конфронси байналмилалии Женева вобаста ба вазъияти кунунии Сурия то ҳанўз мушаххас нашудааст.
Нишасти вазирони Русия ва Миср
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федератсияи Русия иттилоъ додааст, ки нишасти вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиаи Русия ва Миср 13 ноябр дар Қоҳира баргузор хоҳад гардид.
Иттилои хабаргузории Ассошейтед-пресс
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Бинобар иттилои хабаргузории Ассошейтед-пресс Амрико ҳуқуқи райий худро дар Созмони фарҳангии ЮНЕСКО аз даст додааст. Ба гуфти рӯзноманигорони дохили кишвар ҳукуматдорон сабаби инро ҳамчун сирри махфии давлатӣ нигоҳ медоранд.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






